Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА)
Имрӯз 23 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Н. Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, алалхусус, оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, суръати рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, савдо ва хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурд ва миёна, нарх дар бозори истеъмолӣ, воридоту содироти маҳсулот, вазъи интиқоли пулӣ, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод баён доштанд.