Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия.

.

Рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори генералии ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ ҷаноби Франс Вессиг, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи номбурда ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ ва иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасида, инчунин ҷалби сармояи австриягӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. Дар анҷом ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо баён доштанд.