Ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
24-сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҳайати Ҷумҳурии Австрияро ҷаноби Франс Вессиг - Роҳбари Гурӯҳ оид ба муносибатҳои иқтисоди хориҷии Вазорати Федералии рақамикунонӣ ва робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Австрия сарварӣ намуданд. Дар доираи ҷаласаи Комиссия ҳайати австриягӣ бо соҳибкорони ватанӣ, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ гузарониданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда муҳокима гардиданд, ба хусус, Тарафҳо муҳимияти густариш додани ҳамкориҳои дуҷонибаи дарозмуддат байни ҳарду кишварро дар соҳаҳои энергетика, саноат, савдо, кишоварзӣ, сайёҳӣ, таҷҳизоти тиббӣ, нақлиёт, рақамикунонӣ, технологияи экологӣ ва дигар самтҳо баррасӣ карданд. Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа ҳамчунин ширкатҳои Австрия барномаи самтҳои ҳамкориро муаррифӣ намуданд, ки дар он роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҷаласаи 7-уми Комиссия дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид ва дар интиҳои ҷаласаи мазкур Протокол ба имзо расид.