Мулоқоти Гулрӯ Ҷабборзода бо Доннет Уолтон
Санаи 17 октябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Гулрӯ Ҷабборзода бо миссияи Бонки Осиёгии Рушд (БОР) таҳти роҳбарии Доннет Уолтон - Директори департаменти муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Осиёи марказӣ ва ғарбии БОР, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи идоракунии захираҳои об дар доираи лоиҳа «Оид ба омода намудани барқарорсозӣ ва обёрии заҳбуру заҳкашҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.