Навиди Вазорат



Масъалаҳо вобаста ба фаъолияти терминалҳои сарҳадӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 18 октябри соли 2019 ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки онро Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси кумита роҳбарӣ намуд.

Дар доираи ҷаласа гузориш оид ба иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаҳои КҲСРС шунида шуда, инчунин масъалаҳо вобаста ба мушкилоти бахши хусусӣ дар терминалҳои сарҳадӣ баррасӣ гардиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдоқайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои соҳибкорони ватанӣ, рушди савдои дохилию хориҷӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд.

Илова ба ин аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ рӯнамоҳо пешниҳод карда шуда, ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии намояндагони мақомоти давлатӣ қарор гирифтанд.

Қайд бояд кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани муколама байни бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ин тариқ ҳал намудани мушкилоти фаъолияти онҳо дар як сол 4 маротиба ҷаласаҳои КҲСРС баргузор мегарданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное