Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара баргузор гардид,ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода, муовинони Вазир, сардорони сарраёсатҳо- аъзои Ҳайати мушовараи Вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин, Мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ О. Сангов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ М. Маҳмадаминов, муовини аввали Вазири кишоварзӣ С. Рустамов, муовини Вазири энергетика ва саноат Ҳ. Холов ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараро Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш. Раҳимзода ифтитоҳ намуд ва баъд, рӯзномаи ҷаласа ва регламенти он бо ҷонибдории аъзои Ҳайати мушовара тасдиқ гардид. Оид ба масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа- «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2013 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ» муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод маърӯза намуд. Мавсуф иброз дошт, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ новобаста аз суръати начандон зиёди раванди барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва вазъи ноустуворӣ нархҳои ҷаҳонии молу ашё, дар 9 моҳи соли равон бо маром ва устуворона рушд ёфт.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар ин давра ба 27,6 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он ба 7,4 фоиз баробар гардид. Дар ин давра индекс-дефлятори ММД ба 103,4 фоиз баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ истеҳсоли молҳо 42,8 фоиз, хизматрасонӣ 44,3 фоиз ва андозҳо 12,9 фоизро ташкил дод. У.Давлатзод зимни баромадаш натиҷаҳои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии кишварро зикр намуда, ҳамчунин, оид ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мухтасар маълумот дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш. Раҳимзода иброз дошт, ки ҳарчанд рушди иқтисоди мамлакат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 7,4% таъмин гардидааст, аммо ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5% кам аст. Дар ин давраи сипаригашта махсусан рушди соҳаҳои саноати кишвар нигароникунанда мебошад. Рушди соҳаи кишоварзии кишвар дар ин давра 9,4% таъмин гардида бошад ҳам, он чандон қаноатбахш нест. Ш. Раҳимзода ҳамзамон ҷой доштани фарқиятҳои калонро дар нишондодҳои оморӣ қайд намуда, намояндагони вазорату идораҳоро даъват намуд, ки бо мақсади бартараф намудани чунин фарқиятҳо бо Агентии оморӣ ба таври ҳамешагӣ ва зич ҳамкорӣ намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, муовини Вазири энергетика ва саноат Ҳ.Холов, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо С. Назриев, муовини аввали Вазири кишоварзӣ С. Рустамов, муовини аввали Директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ Ш. Шокиров ба музокира баромаданд.
Мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ О. Сангов ҳангоми суханронӣ иброз дошт, ки ҳарчанд нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ хуб ҷамъбаст гардидааст, аммо тибқи талаботи Сардори давлат ин ҳанӯз кифоя нест. Ӯ ҳамчунин вобаста ба муайян намудани асосҳои рушди устувори кишвар, масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ ва фаъол гардонидани НБО-и хурд дар ҷумҳурӣ, мониторинги иҷрои барномаҳои рушди иқтисодии минтақаҳо, масоили рушди пахтакорӣ ва пешгирӣ аз кам кардани майдони кишти пахта ва мораторияе, ки дар соҳаҳои соҳибкорию истеҳсолӣ ҷорӣ шудааст, фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро манзур намуд.
Дар охир, лоиҳаи қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат роҷеъ ба масъалаҳои баррасишудаи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2013 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ, бо назардошти таклифу пешниҳодоти манзургардида қабул карда шуд.