Навиди Вазорат



Дар Вашингтон масъалаҳои рушди савдо ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардиданд

.

Рӯзҳои 21-22 октябри соли 2019 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва баъзе сармоягузорони амрикоӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

Завқизода З. А. аз ҳамкориҳои судманд бо ҷониби ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар робита ба иштироки кишвар дар ТИФА, тақвияти рушди содирот, соддагардонии расмиёти савдо, монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои ТИФА маълумот пешниҳод намуд.

Инчунин тарафҳо вобаста ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, аз ҷумла корҳои амалигардида дар самти иҷрои муқаррароти Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо, такроран ворид нагардидани кишвар ба рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, бозхонди ҷумҳурӣ аз Иловаи Ҷексон – Веник, истифодаи Низоми умумии бархурдории GSP ва зиёд намудани кӯмакҳои техникии ИМА-ро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон ҳайати кишвар рӯзи 22 октябр дар доираи Форуми соҳибкории солонаи Ӯзбекистон ва ИМА дар панели сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” иштирок намуда, ба саволҳои сармоягузорони ИМА оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ ва роҳҳои тақвият додани савдо ва сармоягузорӣ бо ИМА посух дод.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст, ки ин пеш аз ҳама аз муносибати дӯстона ва иқдоми неки сарони давлатҳо сарчашма мегиранд.

Ҷаласаи Шӯрои ТИФА ҳамасола баргузор гардида, дар доираи он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо, рушди савдои минтақавӣ, рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, стандартҳо, меъёрҳои санитарию фитосаниатрӣ ва савдои рақамӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода мешаванд.