Суханронӣ дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария
Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли эҳтиром ҳар яки шуморо хайрамақдам гуфта, барои иштирокатон дар чорабинии имрӯза изҳори сипос менамоям.
Ҳамзамон сипоси ин ҷонибро ба созмондиҳандагони нишасти имрӯза барои фароҳам овардани шароити муносиби корӣ иброз медорам.
Ин ҳамоишро мо боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар медонем.
Чанде қабл вохӯрии мо бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ҷаноби Олӣ Ули Маурер анҷом ёфт.
Ман дар ҳузури Ҷаноби Олӣ изҳор намудам ва бори дигар таъкид менамоям, ки густариши равобити ҳамаҷониба бо Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи хосса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики муҳим ва боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи навро касб карда истодаанд.
Яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон ва Швейтсария ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад.
Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.
Ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи татбиқи онҳо изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Ҳамзамон мо барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар ҷодаи бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир менамоем.
Дар ин соҳаҳо лоиҳаҳои сатҳашон милливу минтақавӣ омода шудаанд, ки татбиқи муштаракашон бар нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Бо ин мақсад тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқи ҳамкориҳо, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ, гузаронидани бизнес-форумҳо ва ҳар гуна намоишгоҳҳо, амиқсозии робитаҳои башарӣ амри зарурӣ арзёбӣ мегардад.
Айни ҳол Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи Швейтсария барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки ҳадафҳои асосияшон ҷиҳати таъмини рушди босуботи Тоҷикистон ба ҳам тавъам мебошанд.
Мо итминони комил дорем, ки дар доираи татбиқи ин ду санад метавонем ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро густариш диҳем.
Аз пешниҳоди ҷониби Швейтсария оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирем.
Мақомоти марбутаи Тоҷикистон омода ҳастанд дар ин самт бо сохторҳои дахлдори Швейтсария ҳамкорӣ намоянд.
Дар баробари ин мо ба афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар афзалият медиҳем.
Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли равон каме зиёд аз 130 миллион долларро ташкил дод.
Дар кишвари мо зиёда аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо кумаки сармоягузории Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият мекунанд.
Ҳамкориҳои самарабахши ширкати швейтсариягии “Глинкор” бо ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО” намунаи умедбахши ҳузури ҷониби Швейтсария дар иқтисоди кишвари мо мебошад.
Дар давоми 12 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ин ду ширкат ба зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ расид.
Тибқи шартномаҳои мутақобила, дар назар аст, ки дар давоми панҷ соли оянда ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот сурат гирад, ки худ далели возеҳи муносибатҳои стратегии ин ду ширкат мебошад.
Тайи даҳ соли охир аз ҷониби сармоягузорони Швейтсария ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамагӣ 167 миллион доллар сармоя ворид гардидааст.
Аз ин маблағ 96 миллионаш сармоягузории мустақим ва 71 миллионаш қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардидаро ташкил медиҳанд.
Дар робита бо ин қайд карданиам, ки аз соли 2007 то соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвари мо маблағи 9,5 миллиард долларро ташкил дод ва ҳиссаи сармояи ҷониби Швейтсария ҳамагӣ 1,9 фоизро ташкил медиҳад.
Албатта, ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти тамоми имкону захираҳои мавҷудаи кишварҳоямон, моро қонеъ карда наметавонанд.
Итминон дорам, ки - бо истифода аз зарфиятҳои фарохи дар ин ҷода мавҷуда - фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷоратии соҳибкорони Швейтсария дар Тоҷикистон ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ин замина қонунгузории мамлакат дар соҳаи тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонида шуда, дар он кафолатҳои ҳуқуқии ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидаанд.
Танҳо дар се соли ахир бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисоди кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёда аз 100 санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла зиёда аз 40 қонунҳои нав қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар маҷмӯъ барои соҳибкорон беш аз 100 ва барои истеҳсолкунандагони мол 50 сабукиҳо ва имтиёзҳо пешбинӣ карда шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро “Дар бораи эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражи хориҷӣ”, инчунин Конвенсияи Гаагаро “Дар бораи апостил” ба тасвиб расонид.
Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо тартиби ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкоронро сода гардонида, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад.
Ҷорӣ намудани низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бошад, муҳлати гузаронидани чунин амалиётро хеле кам кард.
Дар заминаи ислоҳоти номбаршуда Тоҷикистон дар солҳои охир мавқеи байналмилалии хешро аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ то андозае боло бурд.
Чунончи, дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон чор маротиба, аз ҷумла барои соли 2020 ба рӯйхати кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.
Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид.
Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба чанде аз соҳаҳои мушаххас, ки ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар онҳо бо ширкатҳои Швейтсария манфиатдор ҳаст, ҷалб намоям.
Самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори иқтисоди он бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои мавҷудаи табиӣ ва дигар хусусиятҳои худии он муайян гардидаанд.
Маълум аст, ки зербинои асосии рушди устувори иқтисод энергетика мебошад.
Тоҷикистон, бо вуҷуди надоштани захираҳои зиёди нафту газ, дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ аст.
Мо ният дорем ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва давлатҳои дигар истифода намоем ва дар ин ҷода омодаи ҳамкории созандаву мутақобилан судманд бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳастем.
Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҷиҳати бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ ва таҷдиди иқтидорҳои гидроэнергетикии мавҷуда, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, тадбирҳои амалӣ меандешад.
То имрӯз баҳри таъмини доимии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагон бо “энергияи сабз” беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи бузурги барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт босуръат идома доранд ва соли ҷорӣ агрегати дуюми он мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар кишвари мо бо мақсади беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ низ тадбирҳои лозима андешида мешаванд.
То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имконоти транзитии минтақа, аз ҷумла тавассути қаламрави Афғонистон дар самти бандарҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
Иштироки ҷониби Швейтсария дар амалӣ гардондани лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон аз нигоҳи ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол хоҳад кард ва мо умед дорем, ки шумо, ҳозирини муҳтарам, онҳоро дар мадди назар хоҳед дошт.
Бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.
Саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид ва барои татбиқи он фазои муфид фароҳам оварда шуда истодааст.
Самтҳои афзалиятноки рушди саноати Тоҷикистон - пеш аз ҳама - саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом ба ҳисоб мераванд.
Дар кишвари мо ҳамчунин имкониятҳои хуб барои рушди саноати мошинсозӣ, кимиёвӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолӣ мавҷуданд.
Мо омодаем, ки дар дар ҳама самтҳои зикргардида бо сармоягузорони Швейтсария ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатии рақобатпазир ва содироти он ба бозорҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ намоем.
Дар ҳудуди кишвари мо панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, инфрасохтори зарурии онҳо бунёд гардида истодааст ва мо аз ҳузури соҳибкорону сармоягузорони кишвари шумо дар онҳо истиқбол менамоем.
Тоҷикистон сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои об ва маъданҳои минераливу ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва қувваи кории кофӣ дорад.
Барои мавриди истифода қарор додани ин имкониятҳо сармоя ва технологияҳои муосир лозиманд.
Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои молия ва бонкдорӣ ҳавасманд аст ва соҳибкорону сармоягузорони Шветсария метавонанд фаъолияти худро дар ин арсаҳо низ ба роҳ монанд.
Яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар, ки барои рушди он солҳои охир як қатор имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд, соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ, ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад.
Дар баробари ин мавҷудияти намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи дорусозӣ аз аҳамият холӣ нест.
Тавсеаи чорчӯбаи ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, бешубҳа, боз як омили муассири рушди самарабахши робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямон хоҳад гашт.
Пешниҳод менамоям, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шуда, дар соли оянда дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини он баргузор карда шавад.
Фаъолияти мунтазами Шӯрои мазкур ба истифодаи имконоти пешбурди соҳибкориву сармоягузории ҳар ду кишвар, такмили заминаҳои ҳуқуқии он, омӯзиши таҷрибаи ҳамкорӣ ва ҳалли дигар масоили алоқаманд мусоидат хоҳад кард.
Ҳозирини гиромӣ,
Иқтисоди Тоҷикистон бозорест, ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад.
Дар ин замина аз Шумо даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба тараққии мо қадамҳои дилпурона гузошта, дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон саҳмгузор бошед.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз” аст ва мо аз ҳама гуна иқдомоту пешниҳодоти нек ва созандаи шарикони байналмилалиамон, ки Конфедератсияи Швейтсария дар қатори муҳимтарини онҳо қарор дорад, ба хушӣ истиқбол менамоем.
Ба ҳамаи шумо саломативу саодати зиндагӣ, дар фаъолияти пурмасъули кориатон комёбиҳо ва дастовардҳои навин орзу менамоям.
Саломат бошед!