Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара

.

Бо дастгирии бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ (Юнисеф), 27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара Форуми инвеститсионии рушди шаҳри Исфара баргузор мегардад.

Форум бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 доир мешавад.

Ба барнома 338 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он наздик ба 1,5 млрд сомонӣ мебошад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои ба барнома воридгардида 38 лоиҳа ба маблағи 137,6 млн.сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба маблағи 209,8 млн.сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба маблағи 1 млрд. 94 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба маблағи 23,4 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ дорад.

Дар Форуми мазкур дар баробари шиносоӣ бо дастовардҳои марҳилаи аввали татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, аз ҷумла, сафарбарсозии захираву сарчашмаҳои дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳо, раванди шарикии давлат бо бахши хусусӣ, афзалиятҳои маблағгузорӣ ба шаҳру деҳоти Исфара ва лоиҳаҳои алоҳида муаррифӣ мешаванд.

Интизор меравад, ки дар ҳошияи Форуми мазкур санадҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо Шарикони рушд ва соҳибкорони дохилӣ ба имзо мерасанд.