Имзои санади ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт
11 ноябри 2019 дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Кувайт Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид.
Маросими имзои санади мазкур дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Шӯрои вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баргузор гардид, ки онро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Абдуғаффорзода Нуъмон ва аз ҷониби Ҳукумати Давлати Кувайт Вазири иттилоот ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон Муҳаммад ал-Ҷабрӣ имзо намуданд.
https://mfa.tj/…/imzoi-sanadi-hamkori-dar-sohai-saijohi-dar…