Навиди Вазорат



Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Рӯзи 15 ноябри соли 2019 дар Вазрати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини Вазир Тоҷиддин Ҷӯразода ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва қайд кард, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

 

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Ҳамасола дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир карда мешаванд.