Созмони Умумиҷаҳонии Савдо омодагии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои техникӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд
Рӯзҳои 15-16 ноябри соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисодва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Департаменти баҳодиҳии сиёсати савдои СУС Вилли Алфаро, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии СУС хонум Бриҷит Чилала, Мушовири калон оид ба мусоидати рушди савдои Маркази байналмилалии савдо Муҳаммад Саид, намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупова Конфронси СММ оид ба савдо мулоқот намуда, масъалаҳоро вобастаба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо баррасӣ намуданд.
Дар ин вохӯриҳо ҷонибҳои СУС ва СММ аз пешравиҳои ноилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла оғози расмии Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар дар СУС ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи савдо баён карданд.
Қайд бояд кард, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Ҳамзамон ҳайати кишвар дар якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.