Навиди Вазорат



Ҷаласаи 14-уми Гурӯҳи кори оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 19 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 14-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Қайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба соддагардонии расмиёти савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, фаъолияти кумитаҳои миллии соддагардонии расмиёти савдо, Равзанаи ягона, инчунин чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

Завқизода З. А., дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.

Ҳамзамон рӯзҳои 20-21 ноябри соли 2019 Форуми иқтисодии сатҳи баланди СПЕКА 2019 ва ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид, ки дар доираи он ҳайати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар дастовардҳо ва имкониятҳои давлатро муаррифӣ намуда, бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ барои солҳои оянда як қатор ҳуҷҷатҳоро, аз қабили Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба соддагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани чораҳои ғайритарифӣ аз монеаҳо дар савдоро ба кишварҳо пешниҳод кард, ки онҳо аз ҷониби Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА қабул гардиданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное