Баррасии ҳамкориҳои самарабахш бо Бонки Ҷаҳонӣ
20 ноябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини Вазир Камолиддинзода Илёсиддин бо миссияи Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Гоар Гюлумян (иқтисодчии калон оид ба кишварҳои минтақа) ва Эммануил Кувилье (сармутахассис оид ба масъалаҳои бахши давлатӣ ва идоракунӣ) сурат гирифт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла идораи сармоягузориҳои давлатӣ, махсусан таҳияи системаи самараноки идоракунии сармоягузориҳои давлатӣ, тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, татбиқи самараноки Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро баён доштанд.