Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

.

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" - ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Ин кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардид.

11 синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 

Ҳангоми корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Ба роҳ мондани таълим аз рӯи усули нави "математикаи беҳамто" аз бартариятҳои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" мебошад.

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография созмон дода шуда, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо бошад, машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистон ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар ин муассисаи соҳаи маориф дар саҳни ҳавлии он 4 айвонча, нуқтаҳои бозӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ гардида, шабона пурра чароғон аст. 

Ҳамзамон бо азми соҳибкорони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида, барои таъмини неруи барқ як трансформатори тавоноияш 400 кВА насб шудааст. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани иншоот муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта ба истифода дода шудаанд ва хушбахтона чунин иқдомот аз тарафи соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони замонавиро туҳфаи арзишманд дар Рӯзи парчами давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити муҳайёгардида, кӯдакону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соқибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ва кори сохтмончиён баҳои баланд дода, фаъолияти ин муассисаро баробари саҳм гузоштан дар тарбияи насли ояндасози давлат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ибратомӯз маънидод намуданд.

http://www.president.tj/ru/node/21851