Навиди Вазорат



Ифтитоҳи бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.

 

Иншооти навбунёд бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар он утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар дохили бино мутобиқ ба талаботҳои муосир ва меъёрҳои хизматӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад. Утоқҳои кории кормандон бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, барои навбатдории шабонарӯзӣ утоқҳои алоҳида пешбинӣ гардидааст.

 

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар дастаи махсус таваҷҷуҳи хоса ба обутоби бадан ва тамринҳои варзишӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар дохили иншоот толори барҳавои варзишӣ бунёд ёфтааст, ки он бо воситаҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад ва хизматчиёни ин ниҳод метавонанд аз толори мазкур истифода бурда, ба машқу тамрини бадан машғул шаванд. Ҳамчунин як толори барҳавои фарҳангӣ бо 100 ҷойи нишаст барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бунёд ёфтааст. Дар дохили бинои мазкур толори хурди дигар мавҷуд аст, ки барои ҷаласаҳои фаврӣ ва вохӯриву суҳбатҳо пешбинӣ гардидааст.  

 

Ғайр аз утоқҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда,  он ба аёниятҳои зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ гардидаанд,  таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфта, бо катҳои бароҳату замонавии хоб, рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои нигоҳдории  сару либос бунёд ёфта, кормандони даста дар фурсатҳои холигӣ метавонанд аз хизматрасонии китобхона истифода баранд.

 

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Хизматчиён дар ин ошхонаҳо бо хӯроки гарму серғизо таъмин буда, дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулоти Дастаи махсуси зудамал ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар анборҳо сару либос  ва дигар муҳимот мувофиқ ба оинномаи хизматӣ захира гардидааст.

 

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил гардида, гирду атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст. Ҳамчунин бино дорои як майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони бо машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.

 

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар саҳни иншоот Пешвои муаззами миллат аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар тамоми вазъият имконияти корбариро доранд.

 

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд, ки барои фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад намуд.

http://www.president.tj/ru/node/21852