Навиди Вазорат



Иштирок дар Конфронси минтақавии ҲРУ

.

25-ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ дар Конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Иқтидори истеҳсолӣ, тиҷорат ва ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» иштирок ва суханронӣ намуд.

Конфронси мазкур барои тавсеаи ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа бо ташаббуси шарикони рушд ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шуда, дар рафти он перомуни иқтидори истеҳсолӣ, тиҷорат ва ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муҳокимарони сурат гирифт.

Ҳадафи асосии баргузории конфронс – мусоидат ба рушди устувор ва фарогир дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.