Ифтитоҳи бинои нави Бонки давлатии амонатгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави “Амонатбонк” бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ифтитоҳи бино, ҳамчунин Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас кард, ки ин имконият медиҳад минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон карда шавад.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки утоқҳои кории кормандон пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дохили иншоот ва утоқҳои корӣ бо дарназардошти талаботи замони муосиру меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ бунёд ёфта, ҳамчунин бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад. Аз ҷумла, бинои навбунёд дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлисӣ буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст. Ҳамзамон бо дарназардошти талабот 4 утоқи машваратӣ низ сохта шудааст, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ ва айёниятҳои корӣ таъмин мебошанд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ бонк бо 300 адад камераи муосири назоратӣ таъмин буда, рафти фаъолият ва омаду рафт ба таври қатъӣ зери назорат қарор дорад ва дар маҷмӯъ 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил гардидааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Осорхонаи бонк, ки дар ошёнаи 10-ум бунёд ёфтааст, дидан намуданд. Дар ин ҷо дастоварду натиҷаҳои кории “Амонатбонк”, ки таърихи бештар аз 130-сола дорад, маҳфуз дошта мешавад. Осорхона бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои гузаронидани конфронсҳои хурд дар ин ҷо имконият фароҳам аст. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат дар китоби меҳмонони олиқадри Осорхона соядаст гузоштанд.
Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки дар ду ошёнаи зеризаминии бино таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, анбор ва таҳвилхона бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ бинои нав аз 10 ошёна ва 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи иншоот ва роҳравҳои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфта, ин иншоот ба зебогии хиёбони Рӯдакӣ ҳусни дигар зам менамояд.
Дар толори бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бонк мулоқоти самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории мамлакат нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шарту шароити кории он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот Сарвари давлат баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки ин имкониятҳоро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.