Навиди Вазорат



Ифтитоҳи бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои кору фаъолияти кормандон аст.

Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.

Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои китобхонаи муосир мебошад, ки бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ таъмин аст. Кормандони Агентӣ метавонанд аз китобхонаи электронӣ низ, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад, ба таври васеъ истифода баранд.

Масоҳати умумии бинои сохташуда 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз биноҳои 7 ва 2 ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бинои асосӣ, китобхона, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, навбатдорӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва корӣ мавҷуд аст.

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони Агентӣ 175 адад компютери муосир тақдим карда шуд.

Аз иқдомҳои шоиставу беназири Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият кулли кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари онҳо ҷавонони соҳибтахассус ва дорои қобилияти баланди касбӣ мебошанд, изҳори супосу минатдорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кории раёсатҳои Агентӣ ҷойгир карда шуда, таҳхонаи он барои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар бинои нав барои машқу тамрин ва обутоби бадани кормандон толори барҳавои варзишӣ низ сохта шудааст, ки коргарон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини бино бо неруи барқ ва гармӣ зеристгоҳи барқӣ бо ду адад трансформатор ва таҷҳизоти гармидиҳӣ насб гардидааст.

Бинои нави Агентӣ дорои гузаргоҳи назоратӣ, 143 нуқтаи камераҳои дохилӣ ва 19 нуқтаи камераҳои мушоҳидавии берунӣ мебошад.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии Агентӣ корҳои мушаххас анҷом ёфтааст.

Гирду атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда дар бинои навбунёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

http://www.president.tj/ru/node/21934