Мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 декабри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода, бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Меҳта сурат гирифт.
Дар оғоз Тоҷиддин Ҷӯразода аз ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла, Барномаи рушди СММ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ барои соли минбаъда, аз ҷумла доир ба таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки марҳилаи дуюми механизми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб меравад, мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, роҷеъ ба ҷудо намудани кӯмаки техникӣ, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», сӯҳбат карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.