Суханроии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад
Имрӯз, 21 декабри соли 2019 дар МД "Кохи Борбад" Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Разм Ҳусейнӣ дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад давоми мантиқии кушишу талошҳои роҳбарони олимақоми ду давлат мебошад.
Инчнунин, намоишгоҳи мазкур иқдоми нек, шоиста ва хеле муҳим аст, зеро тавассути баргузории чунин намоишгоҳҳо равобит байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг тавсеа ва таҳким меёбад.
Дар намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳади вилояти Хуросони Разавии Эрон 52 ширкати бонуфузи эронӣ молу маҳсулоташонро ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт пешниҳод намуданд.