Навиди Вазорат



Маросими баимзорасонии Созишнома доир ба соддагардонии расмиёти савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ)

.

 

19 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ва Директори Ташкилоти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) хонум Сабина Олтхоф дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои техникӣ, ки 27 марти соли 2003 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баимзо расонида шуда буд, маросими баимзорасонии Созишинома доир ба соддагардонии расмиёти савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Ташкилоти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ба имзо расониданд.

Созишнома бо мақсади соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми идораи хавҳо дар сарҳад, чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо равона гардидааст.

Қайд бояд кард, ки Созишнома аҳамияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 7,0 млн.евроро ташкил дода, 4 кишвари Осиёи Миёнаро дар бар мегирад, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон.

Оғози татбиқи лоиҳа оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон пас аз ба имзорасонии Созишнома байни Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) барои 3 сол, яъне солҳои 2020-2023 татбиқ мегардад.