Навиди Вазорат



Вохурӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз, 25 феврали соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, мусоидат ҷиҳати таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин пиромуни дурнамои нишондҳандаҳои макроиқтисодӣ, такмилсозии модели макроиқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар суҳбат намуданд.

Дар интиҳо ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное