Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорат ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагони тиҷоратии ҶТ дар кишварҳои хориҷӣ ва сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Сангов, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба фаъолияти Вазорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 Муовини аввали Вазир, Н.Буриев  маърўза намуд.

Дар ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара, ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Ҳ.Холов, муовини Вазири энергетика ва захираҳои об З.Файзуллоев, муовини Вазири кишоварзӣ С.Исроилов, Раиси Бонки миллӣ А.Ширинов, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо С.Назриев ва дигарон ба музокира баромада, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли ҷорӣ фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои хешро баён намуданд.

Мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Сангов ҷаласаи Ҳайати мушовараро натиҷагарӣ намуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварро дар соли 2013 хуб баҳогузорӣ намуд. Дар баробари ин, оид ба бештар фаъол ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳои соҳавӣ дар самти ноил гардидан ба натиҷаҳои босуръати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тавсеаҳои судманд манзур намуданд.

Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори ҷаласаи Ҳайати мушовара қабул гардид.