Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина
3-4 марти соли 2020 дар шаҳри Киев Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби мо Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва аз ҷониби украинӣ Муовини вазири рушди иҷтисод, тиҷорат ва хоҷагии қишлоқ, Намояндаи тиҷоратии он кишвар Тарас Качка роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Дар поёни нишаст Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.