Навиди Вазорат



Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

.

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

 

Тавре таъкид гардид, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистон муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.

 

Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи барқи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат, соҳаҳои энергетика, молияву бонкдорӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат махсус таъкид карда шуд.

 

Дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо аз  вазифаҳои  аввалиндараҷаи зан-модар ва духтарони тоҷик,  хусусан дар деҳоти мамлакат арзёбӣ гардид.

 

 Маҳз беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад таъкид доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мардуми шарафманди тоҷик набояд ба таҳлука афтода, ба овозаҳои бардурӯғ  ва муносибати манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд ва ба ҷойи  харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокаву захирасозии он  ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки модарони шарафманди тоҷик ва бонувони матиниродаи мамлакат минбаъд, низ дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, барои мусоидат ба рушди деҳоти Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбият, соҳибилм ва соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасози давлату миллат садоқатмандона талош менамоянд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки занону бонувони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд, дар таҳияи қонунҳои мутобиқ ба талаботи давру замон дар сатҳи парлумони касбии мамлакат, тарбияи фарзанд, мусоидат ба солимии ҷомеа, танзими ҷашну маросим, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхона ва ҳунаромӯзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон нақши назаррас гузоранд.

 

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати модарону бонувони тоҷик эътимоди бузург дорад ва минбаъд низ барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои амалӣ меандешад.

 

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар ин рӯз барномаи консертии пурмуҳтаво баргузор гардид, ки фарогири васфи истиқлолу озодӣ, ватану ватандорӣ ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа буд.

 

http://www.president.tj/node/22621