Навиди Вазорат



Ҷаласаи даҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

.

Рӯзи 31 марти соли 2020 ҷаласаи даҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ роҳбарӣ намуда, қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаи даҳуми КҲСРС иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ ба мақомоти дахлдор супориш дода буданд, мебошад.

Дар доираи ҷаласа нақшаи кории Кумита барои соли 2020, рафти амалишавӣ ва тарзи истифодабарии давраи пилотии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. 

Дар интиҳои ҷаласа, супоришҳои дахлдор ба мақоми мутасаддӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дода шуд ва протоколи ҷаласаи КҲСРС барои баррасӣ ва иҷро ба мақомоти марбут ирсол гардид.