Навиди Вазорат



Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

.

Дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳр аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи мусоир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, утоқҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон қабати сеюми биноро ташкил медиҳад.

Қобил ба зикр аст, ки гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои  мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода супурдани бинои навро кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон туҳфаи арзанда хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузор хоҳанд буд. 

http://www.president.tj/ru/node/22678#zafarobod