Навиди Вазорат



Оғози фаъолияти ҶДММ “Мурғи аълосифат” дар шаҳри Гулистон

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғози расмӣ бахшиданд.

ҶДММ “Мурғи аълосифат” дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, сохтмони корхонаи парандапарварӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва дар як муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шудааст. Корхона дорои чор бино буда, дар ҳудуди он барои фаъолияту истироҳати кормандон низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар корхона 4 бинои парвариши чӯҷа ба пуррагӣ сохта, барои истифобарӣ омода карда шудааст. Дар ин биноҳо 70 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта истодаанд. Бинои забҳи паранда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҶДММ “Мурғи аълосифат” 1000 тонна дар як сол мебошад.

Сехи истеҳсоли хӯрокаи чӯҷаҳо низ ба фаъолият оғоз карда, дар он панҷ намуди хӯрокаи паранда омода карда мешавад. Иқтидори коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 30 тонна хӯроки парандаро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмини мунтазами паранда бо хӯрок дар анборҳои корхона ба қадри кофӣ гандуму ҷуворимакка ва дигар номгӯи маҳсулот захира карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд. Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Чӯҷаҳои гӯштӣ дар инкубатори корхона бароварда мешаванд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 120 нафар расонда мешавад. Зимнан ба кор андохтани боз 6 мурғхонаи дигар дар нақша буда, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар ин давра ба 3 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд. Соҳибкор тасмим дорад, ки маҷмааи парандапарвариро дар заминаи ҳамин корхона ташкил карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ҳиссагузорӣ кунад.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки корхонаҳои парандапарварӣ дар ояндаи наздик на танҳо бозори Тоҷикистонро комилан ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд.

Пешвои миллат ба соҳибкор дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода барад.

Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста нисбат ва дастгириҳои ҳамешагии соҳибкории хурду миёна изҳори миннатдорӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз намоишгоҳи корхонаҳои парандапарварии ҳудуди вилояти Суғд дидан намуданд. Маълум гардид, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тараққӣ бахшидан ба соҳаи парандапарварӣ, рушди ин бахш дар вилоят бараъло ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо дар баробари корхонаҳои парвариши паранда, инчунин маҳсулоти коргоҳҳои ҳасиббарорӣ ба намоиш гузошта шуд.

http://www.president.tj/ru/node/22679