Навиди Вазорат



Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.

Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид.

 

Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 - 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.

 

Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст.

 

Дар саҳни ҳавлии маркази хизматрасонӣ ба хотири ободу зебо кардани иншоот шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд шудааст, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст.

 

Бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шуданд.

 

Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо карданд.

 

Занону бонувон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ оростанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наврӯзгоҳи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, иштирокчиёни маҳфили идонаро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.

 

http://www.president.tj/ru/node/22703#konibodom