Навиди Вазорат



Иштирок дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.

Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.

 Ҳамзамон аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонида истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд. Боғи навбунëд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо системаи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, ки аллакай дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудааст. Дар мавзеъи “Рухак” имкони бунëди зиëда аз 3 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд.

Сарвари давлат бо лоиҳаи бунëди боғу токзор, гармхона, қитъаи ниҳолпарварӣ, фермаи чорвои шохдори калон, фермаи мурғпарварӣ ва қитъаи чарогоҳ барои хӯроки чорво, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми муваффақонаи тадбири муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар мавзеъи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунëди фермаи чорвои калони шохдор дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 2 гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар 3 гектар ва дар 2 гектар замин қитъаи ниҳолпарварӣ бо иқтидори истеҳсолии 2 миллион бех ниҳол, аз ҷумла ниҳоли интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунëди фермаҳои мурғпарварию чорвои калони шохдор ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайë гардидани наздик ба 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба миëн хоҳад омад.

Дар ин мавзеъ ҳамзамон иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст, ки инфрасохтори мазкур ҷиҳати рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорию парандапарварӣ замина мегузорад. Бунëди боғи ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба афзун гардидани иқтидори содиротӣ низ мусоидат намуда, даромади кооперативи истеҳсолии “Самири - Суғд” аз ин ҳисоб бештар хоҳад шуд.

Дар мавзеи “Рухак” бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки кишти зироатҳо ва полезӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аҳли заҳмат дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм гузоранд.

http://www.president.tj/ru/node/22734#asht