Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 51


Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муколамаи соҳибкорони ҳарду мамлакат баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Г.Бозорова, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Л.П.Кислякова, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур бештар аз 30 намояндагони тиҷорати Федератсияи Русия ва зиёда аз 40 соҳибкорони ватанӣ, ки соҳаи мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нафту газ, инфрасохтори нақлиёт, алоқа ва фаъолияти бонкиро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.

Мақсади асосии муколамаи соҳибкорон – таҳкими ҳамкории самарабахш байни соҳибкорони ҳарду кишвар, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва самтҳои ояндадори он ба ҳисоб мерафт. Барои иштирокдорони муколама «Муҳити инвеститсионии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ҳамчунин навори видеоӣ «Оид ба имкониятҳои инвеститсионии Тоҷикистон» намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, маводи васеи иттилоотӣ оид ба фазои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ пешниҳод гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ ширкатҳои ҳарду кишвар, ки ба ҳамкории мутақобила ҳавасманд мебошанд, аз ҷумла ширкатҳои русиягии «Возрождение», «Внешэкономбанк», «Новикомбанк», инчунин, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Дар анҷом як қатор шартнома, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Возрождение»-и Федератсияи Русия ба имзо расид.