Навиди Вазорат



Табрикоти ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён

.

Бо арзи эҳтиром ва орзуҳои нек аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Шумо, кормандони вазорат ва дар баробари Шумо ҳамаи иқтисодчиёни Ватани азизамонро ба ҷашни касбӣ – Рӯзи иқтисодчиён самимона шодбош гуфта, дар ҳаёти шахсиатон бахту саодат ва дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.

Боиси хушнудӣ аст, ки зери сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ширкат меварзанд.

Ин буд ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додаанд:

«Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем».

Дар ин рӯзи касбӣ ба иқтисодчиёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ ва бахшҳои иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тандурустию дастовардҳои назаррас орзу намуда, умедворам, ки нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии Ватани азизамон солҳои наздик бомаротиб хубтару беҳтар мегарданд.

Пирӯзу саодатманд бошед ҳамкасбони арҷманд.