Баррасии ҳамкориҳо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо
11 феврали соли 2014 мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод бо намояндагони Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Директорати генералӣ оид ба рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо сурат гирифт.
Қобили қайд аст, ки ҳайати мазкур таҳти роҳбарии Директори шуъбаи кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Уқёнуси ороми Директорати генералӣ оид ба рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Дар оғоз муовини Вазир, Умед Давлатзод аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуд. Сипас, ҷонибҳо атрофи масъалаи меҳварии мулоқот-муҳокимаи самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020 мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, дар аснои вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, ташкили инфрасохтори муосир, инчунин, омодасозии кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иҷтимоии кишвар аз мавзуъҳои дигари матраҳгардида буд.