Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз, санаи 3 августи соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи кормандони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар (беш аз 25 нафар) таҳти раёсати роҳбарияти вазорат гузаронида шуд.

Дар оғози нишаст аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯи мавриди назар пресс-релиз бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус COVID 19 ба иқтисоди миллӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда, истеҳсол, коркард ва содироти нахи пахта, иқтисоди рақамӣ ва ғайра посух дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное