Роҳбарияти вазорат ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд
Вазири рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дастрас намуд.
Аз ҷумла бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон ва зимистонгузаронӣ як зумра маводҳои либоса, таълимӣ ва хурокворӣ аз қабили 110 дона курткаи зимистона, 135 ҷуфт пойафзол, 50 литр равған, 10 халта орд, 40кг гӯшт, 50 кг биринҷ, 50кг шакар, 200 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 20 адад моеъи антисептикӣ,135 дона ручка, 135 дона дафтар ва 20 қуттӣ бур ба таълимгарони Мактаб интернати мазкур супорида шуданд.
Завқизода З. А. дар назди таълимгирандагон баромад намуда, қайд намуд, ки тавре Шумо аз ҷараёни сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар тавассути телевизион тамошо кардаед амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар хонандагон бо шароитҳои хуб таълиму тарбия мегиранд. Аз ҷониби худ хонандагони Мактаб-интернат барои ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, дар радифи чунин ғамхориҳо онҳо иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва бо дониши хубу аъло таҳсил менамоянд.