Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Валериу Чивери

.

Рӯзи 9 декабри соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Валериу Чивери баргузор гардид.

Завқизода З.А. қайд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти савдо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Портали савдои Тоҷикистон ва қабули консепсияи иқтисоди рақамӣ.

Дар рафти вохурӣ Завқизода З. А. барои дастгириҳои САҲА дар самти рушди иқтисодиёт ва бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба савдо изҳори сипос намуда.

Ҳамзамон Завқизода З. А. вобаста ба роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои нав, татбиқи иқтисоди рақамӣ, моделсозии макроиқтисодӣ, муаррифии Портали савдои Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, татбиқи Харитаи роҳи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо қайд карданд.

Ҷониби САҲА ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши муносибатҳои дуҷониба изҳор намуд.