Навиди Вазорат



Гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ барои рушд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия

.

Рӯзҳои 9-10 декабри соли 2020 тариқи видеоконфронс гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ барои рушд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор гардид.

 Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германияро Ваколатдор оид ба кишварҳои Осиёи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Гизела Хаммершмидт роҳбарӣ намуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии

Федеративии Германия боз ҳам рушд ва тақвият меёбанд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо дарназардошти натиҷаи машваратҳои қаблии байниҳукуматӣ, ки 5 ноябри соли 2019 дар Душанбе баргузор гардида буд, маблағҳои грантии ҷониби Германияро ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.

Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои кунунӣ ва минбаъдаро дар самтҳои асосӣ, аз қабили соҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ, тандурустӣ, бахши маблағгузории хурд, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳокима карданд.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Тоҷикистон маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, ки 19,2 млн. евроро ташкил медиҳад, барои соҳаи тандурустӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла аз ин маблағҳо 11 млн. евро барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон равона мегардад.

Инчунин дар доираи гуфтушунидҳои мазкур ба дигар лоиҳаҳои афзалиятнок, аз қабили мусоидат ба ҳифзи саломатии модар ва кудак, Беморхонаи ҷумҳуриявии кудаконаи бемориҳои сил ва рушди устувори иқтисодӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд.

Дар анҷоми гуфтушунидҳо протоколи дахлдор ба имзо расид.