Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҳамкории молиявию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон

.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон қаблан мувофиқашуда, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид.

Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон, хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.

Тибқи ин шартнома Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои татбиқи давраи 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» 14,0 млн. евро ҷудо намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 27,5 млн. евро ҷудо гардида буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо барои расондани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ беҳтар мегардад, ки он боиси коҳишёбии таваллуд дар манзили истиқоматӣ мегардад, зеро ин нишондод дар вилояти Хатлон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баландтар аст.

Ҳамчунин, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар самти коҳиш додани миқдори фавти модару кӯдак имконият ба даст меояд.