Ифтитоҳи марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Душанбе
24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” моҳи январи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” ва Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалишавии марҳилаи дуюм, дар корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо 120 дастгоҳи худкори бофанда, 10 дастгоҳи дӯзандаи нӯги ҷӯроб, 3 дастгоҳи дарзмол насб гардида, дар корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо бошад, 2 дастгоҳи нақшофарии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофанда гузошта шуд. Инчунин 120 адад дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо харидорӣ гардида, моҳҳои наздик ба корхона ворид карда мешавад. Таҷҳизоти мазкур аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Олмон ва Федератсияи Россия харидорӣ гардидааст.
Бо ба истифода додани марҳилаи дуюми корхона ва воридоти таҷҳизоти насли нави корӣ, дар баробари истеҳсоли ҷӯроб, ҳамчунин имконият фароҳам гардид, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ - дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда шавад.
Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”-ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол расонида шуд, ки ин иқдом ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат намуд.
Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар маҷмӯъ дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.
Ба иттилои масъулин, дар марҳилаи сеюм ҳам шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш дода мешавад ва ҳам ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад гашт.
Бояд қайд кард, ки феълан ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин дар хориҷ аз кишвар низ серхаридор аст. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Айни замон Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” тамоми навъи ҷӯробҳоро мувофиқ ба талаботи бозор, фасли сол ва синну сол ба роҳ мондааст ва сифати баланду дизайни зебо имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар дохилу хориҷ рақобатпазир бошад. Ҳамчунин афзалияти дигари маҳсулоти корхона дар он аст, ки 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои он аз пахта буда, дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.
Иброз гардид, ки “Ваҳдат текстайл” дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, коргоҳ истеҳсолотро пурра дар асоси пахтаи ватанӣ роҳандозӣ намудааст. Яъне ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гушаи намоишии корхона, ки доимоамалкунанда мебошад боздид намуданд.
Дар ин ҷо тамоми навъҳои маҳсулоте, ки дар корхонаи “Ваҳдат текстайл” истеҳсол мегардад ба намоиш гузошта шудааст. Иброз гардид, ки технологияи муосири корӣ имконият медиҳад, ки сифати баланди маҳсулот таъмин карда шавад. Айни замон барои мардҳо, занон ва кӯдакон навъҳои гуногуни ҷӯроб истеҳсол гардида, ҳамчунин барои варзишгарон низ ҷӯробҳои махсуси варзишӣ аз ҷониби корхона пешниҳод карда мешавад.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулот ва таҷҳизоти кории корхона баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда низ чораҳои зарурӣ андешанд.