Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 10 марти соли 2021 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ дар бинои Вазорати рушди иқктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар кишвар дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи мазкур муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Н. Р. ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Солеҳзода У. ба аъзои Гурӯҳи корӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар кишвар дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол карда мешавад.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное