Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 апрели соли 2021 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №74-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 30 октябри соли 2020, №89 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби Муовини раиси ноҳияи Файзобод Маҳмадзода Нурмаҳмад Маҳмад дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баргузории муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар моҳи апрел анҷом дода мешавад.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное