Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқот бо намояндагони «БУГИАД»

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Вазир, Қаюмова Гулрӯ Ҷабборовна бо ҳайати намояндаҳои Ассотсиатсияи соҳибкорон ва сармоягузорони шаҳри Бурса «БУГИАД»- и Ҷумҳурии Туркия, ки таҳти роҳбарии ҷаноби Алӣ Фуат Эр ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Г. Қаюмова иштироки фаъоли ширкатҳои туркиро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.

Сипас, роҳбари ҳайат Алӣ Фуат Эр аз қабули самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, сафари ҳайати мазкурро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд фоли нек арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳайати мазкур оид ба фаъолияти ширкатҳои худ, ки соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад, маълумоти мухтасар манзур намуданд.

Дар аснои мулоқот миёни мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони ҳайти мазкур вобаста ба нақшаю дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.