Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии ҳамкориҳои самарабахш бо БРСММ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

29 июли соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Александр Зуев сурат гирифт. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла гузаронидани шарҳи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, омодагӣ гирифтан барои таҳияи Стратегияи нави миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва идома додани таҳияи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Барномаи рушди СММ аз соли 2008 инҷониб дар зиёда аз 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои рушди маҳал таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минтақаҳо замина бахшид.

 Айни замон дар 8 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ ин гунна барномаҳо таҳия карда мешаванд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ омодагии худро баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное