Навиди Вазорат



Ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” дар шаҳри Хуҷанд

.

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассиси корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.

Масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асоси коргоҳ - истеҳсоли матои бахмал мебошад.

Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 120 метри мураббаъ матои бахмал истеҳсол мекунад.

Баъди ба истифода додани коргоҳ наздики 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.

Дар оянда таҷдид ва аз азнавсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” ва васлу насб намудани таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷоий корӣ дигар ташкил шавад. Ҳамзамон истеҳсоли матои бахмал боз ба андозаи 60 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 180 метри мураббаъ баробар карда мешавад.

Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоранд.

Барои ин иқдому ташаббусҳои арзанда ва бунёди корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд доданд.

http://president.tj/ru/node/26250