Навиди Вазорат



Оғози сафари давлатӣ дар Туркманистон

.

Рӯзи 4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашхобод оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди Сарони ду давлат ба поён расид.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ ҳангоми ҳаракат аз майдони “Истиқлол” то Қасри “Оғузхон” автомашинаи меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қаровули фахрии аспсаворон ҳамроҳӣ карданд.

http://president.tj/ru/node/26285