Навиди Вазорат



Дар Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 (СМР 2030) ва Ҳадафҳои рушди устувори (ҲРУ) дар назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

.

Рузи 31 августи соли 2021 ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ дар назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ масъалаҳои фаъолияти он, тадбирҳои минбаъда бо мақсади муайян намудани механизму равишҳои нави маблағгузории афзалиятҳои кишвар, ҳадаф ва вазифаҳои Гурӯҳи корӣ, уҳдадориҳои аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифанд.

Қайд гардид, ки дар шароити рақобати шадид барои захираҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои диверсификатсияи маблағгузории дохилӣ ва инчунин истифодаи воситаҳои гуногуни ҷалби онҳо тамоми шароитро фароҳам орад. Иштироккунандагони ҷаласаи якум масъалаҳои робитаи банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ, инчунин роҳҳои минбаъдаи такмил додани ин ду механизми рушдро баррасӣ карданд.

Илова бар ин, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо ташаббусҳои мухталифи СММ дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани масъалаҳои маблағгузорӣ равона шудаанд, аз ҷумла бо ташаббуси “Маблағгузории ҲРУ дар Тоҷикистон”, ки соли 2020 роҳандозӣ шуда, дар самти ноил шудан ба дастовардҳо баҳри омма қарор дорад ва аз ҷониби Фонди СММ оид ба ҲРУ дастгирӣ мешавад, шинос шаванд. Ҳадафи барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба афзалиятҳои миллӣ ва ҲРУ тавассути дастгирии сохтор, сиёсат ва системаи ҳамгироии захираҳо мебошад.

Бо мақсади такмил додани системаи мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллии рушд ва ҲРУ Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аъзои он аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, агентиҳо, кумитаҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд иборат мебошанд. 14 гурӯҳи кории Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавӣ ва инчунин самтҳои рушд фарогири афзалиятҳои СМР 2030 ва ҲРУ ташкил карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 ё суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  муроҷиат намоед.