Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии ҳамкорӣ бо намояндагони БАТР

.

16-уми сентябри соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали Вазир, Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид. 

Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва имкониятҳои ҳамкорию дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши энергетикии кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.