Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Шуғнон!
Сафари кории мо ба ноҳияи биҳиштосои Шуғнон замоне баргузор мегардад, ки чанд рӯз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил намуданд.
Бо камоли хушҳолӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бо ифтихори ин санаи воқеан таърихиву сарнавиштсоз самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ ва дар роҳи амалисозии нияту нақшаҳои некатон барору комёбӣ орзумандам.
Вобаста ба ин, як нукта қобили зикри махсус аст: яке аз фарзандони фарзонаи миллат, ки барои ташкили давлатдории тоҷикон хизмати дар ҳақиқат шоиста кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур – зодаи Шуғнон аст, ки ном ва корномаи ӯ имрӯз ифтихори мардуми ин диёр ва миллати тоҷик мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ҳар як сокини бонангу номуси ин диёр ба хотири ободониву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни истиқлолу озодии Ватан саҳми арзанда гузошта, барои пешрафти устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он ҷидду ҷаҳд менамояд.
Мардуми ватандӯст ва соҳибкорони ноҳияи Шуғнон дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30 – солагии истиқлоли давлатӣ 79 иншооти иқтисодиву иҷтимоиро ба маблағи умумии зиёда аз 75 миллион сомонӣ ба анҷом расонидаанд, ки дар онҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Дар ҷараёни сафари кории имрӯзаи мо низ якчанд иншооти навбунёд, аз ҷумла майдончаи варзиш, як маркази муосири хизматрасонӣ, бинои маъмурии агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба истифода супорида, санги асоси майдони Парчами давлатӣ гузошта шуд.
Илова бар ин, то охири соли 2021 ба истифода додани боз 8 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамаи ин иқдомот боиси боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия, беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегарданд.
Умуман, бояд гуфт, ки ноҳияи Шуғнон маҳз дар замони истиқлол ба як ноҳияи ободу зебо ва ҳатто ба шаҳри замонавӣ табдил дода шуд, зеро қариб тамоми ободиҳо дар ҳудуди он дар муддати 18 – 20 соли охир ба вуҷуд омаданд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои корҳои сохтмони асосӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 530 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аз ҷумла дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи он 457 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Танҳо дар ду соли охир маблағгузорӣ аз буҷети давлат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 100 миллион сомониро ташкил кардааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, роҳсозӣ, энергетика ва дигар бахшҳо ба маблағи 36 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад.
Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016 – 2020-ум 63 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ ва аҳолии ноҳия ба маблағи беш аз 245 миллион сомонӣ ва танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 14 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 33 фоиз зиёд мебошад.
Яке аз омилҳои ободӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ пешниҳоди қарз аст ва Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат доир ба рушди соҳибкории хурду миёна имрӯз дар ноҳияи Шуғон 587 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба даҳ соли қабл ду баробар зиёд мебошад.
Афзудани шумораи соҳибкорон ба амалисозии яке аз ҳадафҳои миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар низ бевосита мусоидат менамояд.
Масалан, соли 2020 дар 9 корхонаву 45 коргоҳи хурди саноатии ноҳия ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 13 баробар зиёд мебошад.
Мувофиқи нақшаи соли 2021 аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 10 корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якум аз онҳо 6 корхона ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Хотирнишон бояд кард, ки бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия ва таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи саноат ба масъалаи ташкили коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, дорусозӣ, масолеҳи сохтмон ва рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд дода шавад.
Зеро бо ҳамин роҳ барои садҳо нафар сокинони ноҳия ҷойи нави корӣ муҳайё кардан мумкин аст.
Тибқи маълумот дар ноҳия соли 2020 майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ба 2,1 ҳазор гектар расонида шуда, нисбат ба соли 1991 майдони кишти картошка 4 баробар ва сабзавот 3,2 баробар зиёд гардидааст.
Дар зарфи солҳои истиқлол дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,5 баробар, картошка 4,5 баробар, сабзавот 2,4 баробар, мева зиёда аз 13 баробар ва тухм 67 баробар афзудааст.
Дар ин давра, ба аҳолии ноҳия 409 гектар ҳамчун заминҳои президентӣ ва 1267 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи даромади аҳолӣ ва хеле беҳтар гардидани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ мусоидат кардааст.
Инчунин, дар доираи барномаҳои давлатӣ дар ноҳия 70 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 18 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.
Шароити ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, дар сурати истифодаи самараноку оқилонаи шароиту имкониятҳои мавҷуда кишоварзони ноҳия метавонанд дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Боиси қаноатмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол ба сол рушд карда истодаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда истодааст, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ мунтазам баланд бардошта, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Бо ин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шуғнон ба маблағи зиёда аз 33 миллион сомонӣ 41 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 6200 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Тавре ки борҳо иброз дошта будам, саломатии миллат – боигарии давлат мебошад ва ҳамаи кору фаъолияти мову шумо аз саломатӣ вобастагии зиёд дорад.
Бинобар ин, давлату Ҳукумати мамлакат барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон 30 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 26 муассисаи дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Ҳоло дар шаҳраки Ваҳдат сохтмони беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи зиёда аз 22 миллион сомонӣ идома дорад, ки ин иқдом, албатта, ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия мусоидат менамояд.
Барои таъмин намудани эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ноҳия бо мутаххасисон то имрӯз 57 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз онҳо 30 нафарашон таҳсилро хатм кардаанд ва дар муассисаҳои тиббии ноҳия фаъолият доранд.
Ҳоло 28 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Шуғнон дар донишгоҳи зикршуда тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.
Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷойгоҳи сазовор доранд.
Дар зарфи сӣ соли гузашта дар ноҳияи Шуғнон ҷиҳати таъмин намудани солимии ҷавонон, оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим даҳҳо иншооти варзиш сохта, ба истифода дода шудааст.
Имрӯз дар ноҳия 48 толори варзиш ва 10 майдончаи варзиш фаъолият мекунад.
Қобили зикр аст, ки варзишгарони ноҳия танҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 5 медали тилло, 4 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ ба даст оварда, 8 нафар ҷавонон устоди варзиши Тоҷикистон ва 35 нафар номзад ба устоди варзиш мебошанд.
Хотирнишон менамоям, ки рушди соҳаи варзиш, машқу тамрин ва оммавигардонии он омили бисёр муҳимми солимии ҷисму рӯҳ буда, ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву тахрибкор боз медорад, нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳоро ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва созандагӣ, яъне ба манфиати Ватан ва ҷомеа равона месозад.
Ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарам, аз вазъи ноорому печида ва ҳар лаҳза тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастед.
Дар чунин шароит вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Шуғнон анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ дар рушду ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Бори дигар тамоми сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия тандурустиву хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
http://president.tj/ru/node/26744