Навиди Вазорат



Иштирок дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб

.

 

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвар, намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Хатлон ба қадри Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоли худ мерасанд ва барои шукуфоии он тадбирҳои созандаро амалӣ месозанд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 39 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз 5,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра ба вилоят зиёда аз 18,9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 миллиард сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад.

Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 миллион сомонӣ оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Хатлон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 5,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 439 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 2 нақб ва 34 пул сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 219 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, 3 нақб ва 25 пул сохта, ба истифода дода мешаванд.

Илова бар ин, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Муъминобод ва Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ба истифода супорида шуд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ роҳи оҳани Бохтар - Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд ва дар доираи он 5 пули калон низ бунёд гардид.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ 1161 бинои муассисаи нави таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 468 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳамчун минтақаи аз ҳама сераҳолии мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ин давра аз 892 то ба 1703 расонда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид. Барои расидан ба чунин рӯзҳои осудаву босаодат, яъне ҳифзи истиқлолу озодӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон ва хусусан, сокинони ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб фидокориву ҷоннисориҳои зиёд кардаанд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми қадршиноси Тоҷикистон хизмати таърихии онҳоро ҳамеша арҷ мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки тараннумгари комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.

http://president.tj/ru/node/26879